National Anthems
Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Surudi Milliyi Jumhuriyi Tojikiston) [The National Anthem of the Republic of Tajikistan]
[Матни Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон]
[Байт 1]
Диёри арҷманди мо
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод
Зи дурии замонаҳо расидаем
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем
[Рефрен]
Зинда бош эй Ватан
Тоҷикистони озоди ман!
[Байт 2]
Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ
Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ
Хазон намерасад ба навбаҳори ту
Ки мазраи Вафо бувад канори ту, Канори ту
[Рефрен]
Зинда бош эй Ватан
Тоҷикистони озоди ман!
[Байт 3]
Ту модари ягонаӣ
Бақои ту бувад бақои хонадони мо
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо
Зи ту саодати абад насиби мост
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост
[Рефрен]
Зинда бош эй Ватан
Тоҷикистони озоди ман!